Ҳизбсозиро барои фаъоли қазоқистонӣ душвор мекунанд

Жанболат Мамай, як фаъоли Қазоқистон, ки чанде пеш дар бораи тасмими таъсиси ҳизби сиёсӣ хабар дод, ахиран гуфт, ки "мақомот ба мулоқотҳои ӯ бо ҳамфикронаш монеа эҷод мекунанд".

Ба гуфтаи Мамай, ба вай иҷозат намедиҳанд, ки аз ҳудуди шаҳри Алмато берун рафта, бо мардум мулоқот кунад. Вай дар ин бора 1 ноябр тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Мамай ки дар соли 2017 озодияш аз сӯи додгоҳ маҳдуд шуда буд, гуфт, судиҷрочиёни ноҳияи Қарасойи Алмато ӯро огоҳ кардаанд, ки "чораҳои назоратӣ сахт шудаанд ва вай ҳаққи аз шаҳр берун шуданро надорад".

Мамай мегӯяд, баъди эъломи таъсиси ҳизб мақомот аз вай талаб кардаанд, ки моҳе то панҷ маротиба барои аз қайд гузаштан ҳозир шавад. Ин дар ҳолест, ки вай пештар аз ин моҳе ҳамагӣ як маротиба аз қайд мегузашт. Мамай инро ба фаъолиятҳои шаҳрвандиаш рабт медиҳад.

Додгоҳ ҳамчунин Жанболат Мамай, сармуҳаррири пешини рӯзномаи "Саясӣ қалам. Трибуна"-ро аз ҳаққи фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ маҳрум кардааст.

Мамайи 31-сола моҳи сентябри соли 2017 бо айби пулшӯӣ се сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.