Дар Хуҷанд як зани ҷавонро аз худкушӣ дар дарёи Сир наҷот додаанд

Мақомот гуфтанд, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, аз худкушии як зани ҷавон пешгирӣ кардаанд. Ин сокини 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 1-уми ноябр худро ба дарёи Сир парфтотааст.

Феълан аз ӯ ном бурда намешавад ва ангезаи қасди худкушиаш ҳам маълум нест. Вале дар гузашта бархе аз занону духтарон гуфта буданд, ба сабаби мушкили хонаводагӣ ва ҷанҷол бо шаҳвар ё аъзои дигари оила маҷбур шудаанд, худро ба дарё партоянд.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин занро як маъмури милиса аз дарё ба берун бароварда, аз худкушӣ наҷот додааст. Ҷобир Одиназодаи 31-сола дар идораи корҳои дохилии Хуҷанд кор мекунад ва барои чунин рафтораш бо “медали далерӣ” сарфароз шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи июл гуфта буд, дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 258 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз панҷоҳ нафари онҳо ноболиғ будаанд. Сабабҳои асосии худкушӣ моҷарои оилавӣ ва мушкили иқтисодӣ гуфта мешавад.