Писари зиндонии нахуствазири собиқи Қирғизистон ба зиндони низомаш сабуктар интиқол ёфт

Олтинбек Мураталиев, писари зиндонии собиқ нахуствазири Қирғизистон ба зиндони низомаш нармтар ё сукунатӣ интиқол дода шуд. Сухангӯи хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Элеонора Сабатарова рӯзи 31 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мураталиев миёнаҳои моҳи октябр ба муассисаи нави ислоҳӣ интиқол дода шуд. Интизор меравад, ки се солу ду моҳи мӯҳлати зиндонашро ӯ дар ҳамин муассиса, ки наздик ба маҳалли кори зиндон будааст, сипарӣ хоҳад кард. Мураталиев моҳи маи соли 2016 ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки ӯ ба хадамоти истихбороти як кишвари хориҷӣ иттилои махфиро пешкаш кардааст. Исми кишвар фош намешавад.

Мараталиев замони боздошташ 1 ноябри соли 2014 дар мақоми сардори раёсати равобити хориҷии ҳукумати Қирғизистон кор мекард. Сабатарова гуфт, ки пеш аз ба зиндони дигар дар шимоли Қирғизистон интиқол ёфтани Мураталиев, Додгоҳи олӣ аз мӯҳлати куллии ҳабсаш ду солро кам кард.

Ӯ писари Амонгелдӣ Мураталиев аст, ки солҳои 1999 то 2000-ум нахуствазири Қирғизистон буд. Олтинбек Мураталиев дар оғози солҳои 1990-ум донишгоҳи Туркияро хатм карда дар консулгарии Қирғизистон дар Истамбул кор кардааст.