Дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои нахуствазир Имрон Хон раҳпаймоӣ карданд ва мақомот амр доданд, ки тадбирҳои амниятӣ шадидтар шавад. Раҳбарии эътирозҳоро Фазлур Раҳмон, раҳбари яке аз ҳизбҳои пуртарафдори Ҷамъияти уламои Исломӣ ба ӯҳда дорад. Раҳмон гуфт, ки нахуствазир бесалоҳият аст ва иддао кард, ки ҳукумати Имон Хон дар паи тақаллуб шудани интихоботи соли 2018 ғайриқонунӣ сари кор омадааст. Дар остонаи баргузории эътирозҳои серҷамъият, дар Лоҳур мактаб ва бархе идораҳо баста шуданд. Худи Раҳмон эътирозҳоро “раҳпаймоӣ ба хотири озодӣ” унвон кардааст.
Имрон Хон соли 2018 бо ваъдаи муқобила бо коррупсия, пуштибонӣ аз синфи миёна ва такон додани иқтисод пирӯз шуд.