Конгресс таҳримҳои зидди Туркияро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА таҳримҳои зидди Туркияро тасвиб кард. Маҷлис аз президенти ИМА Доналд Трамп даъват кард, ки барои амалиёти низомии Туркия дар Сурия зидди Анқара таҳрим ҷорӣ шавад.

Аз қатънома аксари аъзои маҷлис, аз ҷумла ҷумҳурихоҳон ҷонибдорӣ карданд. Ба навиштаи нашрияи The Hill, эҳтимоли ҷонибдорӣ ёфтани таҳримҳои нав аз сӯи Сенати ИМА хеле кам аст. Дар Сенат гуфтанд, чунин иқдом зидди ҳампаймони Вашингтон ва узви НАТО хатар дорад.

Трамп пештар, дар ибтидои моҳи октябр аллакай зидди Туркия таҳрим ҷорӣ карда буд, вале дертар, пас аз он ки Анқара ба қатъи муваққатии амалиёти низомӣ дар Сурия розӣ шуд, онро бекор намуд.

Вазорати умури хориҷии Туркия гуфт, ингуна амалкарди ИМА ба руҳияи шарикӣ дар доираи НАТО созгор нест. Ба ҷуз ин, Маҷлиси намояндагони ИМА наслкушии арманиҳоро дар авоили қарни бистум дар замони императории туркҳо эътироф кард.