Маҷлиси намояндагони ИМА бо раъйи оро қатъномае қабул кард, ки бар асоси он қатли арманиҳо аз ҷониби императории Усмонӣ дар оғози қарни 20 ҳамчун “наслкушӣ” эътироф шудааст. Ин қарор боиси хашми Анқара шуд. Маҷлиси намояндагон қатъномаи машваратии худро рӯзи 29 октябр қабул кард. Раъйдиҳӣ дар шароите баргузор шуд, ки равобити ИМА ва Туркия, вориси императории Усмонӣ дар робита бо амалиёти Анқара дар Сурия пуртаниш боқӣ мемонад. Туркони усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро, ки як аққалияти масеҳӣ дар қаламрави императории аксаран мусалмоннишин мебошанд, кушта ваё ихроҷ карданд. Ин ҳодисаҳо дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон рух дод. Бисёр таърихнигорон ва бархе кишварҳои ҷудогона ҳодисаҳои солҳои 1915-умро ҳамчун наслкушӣ эътироф кардаанд. Туркия ҳамеша бо ин арзёбиҳо мухолифат карда, иддао кардааст, ки кушторҳо натиҷаи ҷангу ихтилофҳо буд ва ҳеҷ гоҳ наметавонад ба унвони як нақшаи ҳукумати Усмониҳо барои аз байн бурдани арманиҳо арзёбӣ шавад. Туркия инчунин иддао кардааст, ки дар ин ҳодисаҳо шумори ками арманиҳо кушта шудаанд. Қатънома аз ҷониби вакили демократ Адам Шифф муаррифӣ шуд, ки аз Калифорния мебошад. Дар ин аёлат шумори зиёди арманитаборҳо зиндагӣ мекунанд.