Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки дар "муҳлати кутоҳтарин" сабти номи ҳатмии хориҷиҳо дар мақомоти муҳоҷирати кишвараш бекор шавад.
"Агар мо воқеан мехоҳем, ки сармоягузорӣ, аз ҷиҳати сайёҳӣ ҷаззоб будани шаҳрҳоямон ва кишварро дар маҷмуъ густариш диҳем, пас зарур аст, ки дар кутоҳтарин муҳлат аз муқобили замон ҳаракат кардан даст кашем",-гуфт Тоқаев.
Вай афзуд, "ба ҷуз аз нороҳатӣ барои хориҷиҳо, сабти номи ҳатмӣ - ин манбаи фасодкорӣ аст". "Ин албатта ба нуфузи кишвар таъсири манфӣ дорад",-илова кард Тоқаев. Президенти Қазоқистон гуфт, "барои ба ҳисоб гирифтани хориҷиҳо аз гумрук гузаштан кофист".
Тоқаев ба ҳукуматаш дастур дод, ки то Соли Нав сабти номи ҳатмиро бекор кунад.
Айни ҳол қонунгузории Қазоқистон талаб мекунад, хориҷиҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, дар давоми панҷ рӯз ба мақомоти муҳоҷират рафта, худро дар қайд гузоранд. Барои вайрон кардани ин талабот то $100 ҷарима пешбинӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон пешниҳод карда буд, ки ҳаҷми ҷарима кам карда шавад, аммо дар маҷмуъ вазъ беҳтар нашудааст.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, дар соли 2018 ба ин кишвар 8,5 миллион хориҷӣ ворид шудааст.