Видеои боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик, ки боиси эътирози дигар муҳоҷирон шуд, барф дар Мурманск, зиндагии як ҷонвари аҷиб дар Тоҷикистон, интихоботи порлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯҳои аслии барнома аст.
Корбаре аз шаҳри Краснодар ба мо видеои лаҳзаи боздошти як муҳоҷири тоҷикро фиристод. Ӯ мегӯяд, ҷавони муҳоҷир мушкили сиҳатӣ доштааст ва кормандони пулис барои гуё итоат накардан ба "элетрошокер" ӯро мезананд. Бемории саръ ё худ "припадка"-и ҷавон авҷ мегирад ва рӯи роҳ меафтад. Муҳоҷирон ба боздошти ӯ эътироз мекунанд.
Баъдан, ёрии таъҷилӣ даъват шуда, ҷавони муҳоҷир ба беморхона интиқол ёфтааст.
Мақомоти пулиси Краснодар гуфтаанд, ки ин ҷавон ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебурд ва рӯзи 29-уми октябр ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Муҳоҷири дигари тоҷик ба мо видеои барфи сахт аз Мурманскро фиристодааст. Ӯ гуфтааст, ки субҳи рӯзи 29-уми октябр 10 сантиметр дар ин шаҳр барф борид ва акнун, кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик сахттар мешавад.
Видеои дигар дар бораи зиндагии як ҷонвари нодир аз Тоҷикистон ҳаст, ки дар охири барнома мебинем, вале то он дам вокунишҳои корбаронро ба мавзӯи интихоботи порлумонии Тоҷикистон меорем. Хобҳои сиёсии пеш аз интихоботи соли 2020 ва ин ки соли оянда чеҳраҳо барои номзад ба вакилӣ нав мешаванд ё бетағйир мемонанд, мавзуе буд, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ баҳси зиёд овард. Амирҷон Аминҷонӣ, як корбари фейсбукии мо навиштааст, ки "шаҳрванди одӣ депутат шуда метавонад, аммо шаҳрванди оддӣ ва ғайриодӣ президент шуда наметавонад".
Соли 2020 дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳими сиёсӣ аст. Баҳори соли оянда интихоботӣ порлумонӣ ва тирамоҳ интихоботи президентӣ. Шарифзода Додар, дар саҳифаи Фейсбуки мо навиштааст, ки "чӣ лозиманд хамин депутатҳо??? Бигзор ҳамаашонро ҷавоб диҳанду маоши онҳоро ба маориф диҳанд".
Аз 63 курсӣ, аксари курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ дар даст дорад.
Беном дар шарҳе дар вебсайти мо навиштааст, ки "Ҳизби халқии демократӣ монанди Ҳизби комунистии замони шӯравӣ шудааст".
Ӯ гуфтааст, "биёед дар ҳамин интихобот иштирок накунем ва худро беқадр накунем. Чун ки иштироки мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот хеҷ нақши ҳалкунандае надорад".
"Ҳақиқат" дар тақвияти гапи Беном гуфтааст, "раиси ноҳия ба мудири маориф мефаҳмонад, ки муаллимон ба кӣ бояд овоз диҳанд ва мудири маориф ба директори мактаб супориш медиҳад ва мудири мактаб бошад, болои сари ҳар як муаллим истода, мегӯяд, ба кӣ овоз диҳад".
Беном ин гуфтаҳоро рад кардааст ва навиштааст, ки интихобот "бе ҳамин ҳам одилона гузашта истодааст, аммо мардум худ ба намояндаҳои ҳизби ҳоким бештар оваз медиҳанд. Ин як чизи маъмулист бовар кунед."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгар гуфтааст, интихоботи навбатӣ "интихоботи пешина аз инаш ба куллӣ фарқ мекунад. Шумо ҳеҷ вақт ноумед нашавед, чунки сол ба сол мардум босаводу нотарсу боҷуръат шудаанду назари худро нисбат ба ин ва ё он қарору қонун гуфта истодаанд".
Дар охир видеои ваъдагӣ аз Тоҷикистон, дар бораи бабри барфӣ дорем. Саршумори он дар Тоҷикистон ба 300 расидааст. Ҷонвари зебо ба чорвои сокинон дар Бадахшон ҳамла мекунад, вале ба сокинон таъкид шудааст, аз куштанаш парҳез кунанд, чун ҷонвари нодир аст ва дар Китоби Сурх ҷой дода шудааст.
Шумо ҳам фиристодани видеоҳои ҷолиб ва шарҳҳои худро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо ва аз тариқи Вайберу Вотсаппу Телеграм ва ИМО.
(+420) 607 900 808;
(+420) 724056681;
(+420) 724053959
(+992)-980-15-10-10