Нахуствазири Лубнон дар пайи эътирозҳо истеъфо дод

Саъд Ҳарирӣ

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аз мақомаш истеъфо дод. Оқои Ҳарирӣ рӯзи сешанбеи 29-уми октябр дар як суханронии телевизионӣ гуфт, ба "охири хат" расида ва аз мақомаш канорагирӣ мекунад.

Ҳарирӣ аз мардуми Лубнон хост, оромиши дохилиро ҳифз кунанд.

"Симматҳо меоянду мераванд, вале каромат ва амнияти мамлакат муҳимтар аст,"-гуфт Ҳарирӣ.

Лубнон тайи ду ҳафтаи гузашта саҳнаи нооромиҳо ва эътирозҳои густурда ба вазъияти иқтисодии кишвар буд.

Эътирозгарон ба тарҳи ҳукумат барои афзоиши андозҳо ва ҳамчунин фасоди густурда дар ҳукумат, эътироз карданд.