Иттиҳоди Аврупо розӣ шуд, ки хориҷшавии Бритониёро аз созмони мазкур то 31 январи соли 2020 ба таъхир гузорад. Дар ин бора Доналд Туск, роҳбари Шӯрои Аврупоӣ хабар дод.
Агар порлумони Бритониё созиши хориҷшавӣ аз Иттиҳодро пеш аз 31 январ тасдиқ кунад, ин кишвар метавонад, то 31 январ мунтазир намонад ва иттиҳодро тарк кунад.
Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё мухолифи тамдиди муҳлати хориҷшавии кишвараш аз Иттиҳод буд. Вай омода буд, ки Бритониёро 31 октябр бидуни созиш аз Иттиҳод хориҷ кунад. Порлумони Бритониё ба чунин шеваи хориҷшавӣ зиддият кард ва сарвазирро водор сохт, ки тамдиди муҳлатро дархост кунад.
Ҳамакнун сарнавишти хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳод дар ихтиёри порлумон аст. Порлумони Бритониё мебоист 28 октябр дархости Ҷонсонро дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат баррасӣ мекард. Барои ин ризоияти лебористҳо ҳатмӣ буд. Аммо лебористҳо гуфтанд, танҳо дар сурате ба интихоботи пеш аз муҳлат розӣ мешаванд, ки Борис Ҷонсон ваъдаи хориҷ нашудани бидуни созиш аз Иттиҳодро бидиҳад.
Дар ибтидо Бритониё мебоист ҳанӯз 29 марти соли ҷорӣ аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад. Муҳлати хориҷшавӣ бори севум аст, ки тамдид мешавад. Порлумони Бритониё ҳар бор бо ҳар баҳонае ба хориҷшавии кишвар аз Иттиҳод зиддият нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар порлумони Бритониё раъйи кофие барои комилан бекор кардани хориҷшавии кишвар аз Иттиҳод мавҷуд нест.