Бино ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, Одил Абдулмаҳдӣ – нахуствазири Ироқ – ба хадамоти зидди терроризми ин кишвар дастур додааст, ки барои поён додан ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ кумак кунанд. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ чанд ҳафта боз дар минтақаҳои Ироқ идома дорад.
Одил Абдулмаҳдӣ рӯзи 26-уми октябр ба нерӯҳои зидди терроризм гуфтааст, дар кӯчаҳои Бағдод ва шаҳри ҷанубии Носирия ба сурати пароканда ҷойгир шаванд.
Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз манобеи амниятӣ навишт, ба нерӯҳои зидди терроризм дастур шудааст, барои поён додан ба эътирозҳо “аз ҳамагуна иқдоми зарурӣ” кор бигиранд. Ба гузориши “Ройтерс”, нерӯҳои зидди терроризми Ироқ шаби гузашта дар атрофи майдони Таҳрири Бағдод постгоҳҳои амниятӣ гузошта, ба рондани эътирозгарон сар кардаанд.
Пеш аз ин нерӯҳои амниятии Ироқ ба зидди эътирозгарон аз гази ашковар кор истифода карда буданд, вале натавонистанд тазоҳуротро хотима диҳанд. Манобеи пулис ва амниятӣ гуфтаанд, нерӯҳои зидди терроризм шаби 26-уми октябр ва субҳи 27-уми октябр дар Носирия даҳҳо нафарро латту кӯб карда, ба ҳабс гирифтанд.
Кумисюни ҳуқуқи башари Ироқ шаби 26-уми октябр гуфт, танҳо дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе 67 тазоҳургар дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.