Баъди буридани дасти дузд - даъвати Amnesty International ба ислоҳи Кодекси ҷиноии Эрон

Зиндоне дар Эрон

Созмони Афви байнулмилал ваё Amnesty International аз Эрон даъват кард, ки Кодекси ҷиноии кишварро ислоҳ карда, ҳама навъҳои ҷазои марбут ба озори бадан, аз ҷумла, таҷрибаи “нафратовар”-и буридани дастро бекор кунад.

Созмони ҳомии ҳуқуқ, ки мақарраш дар Лондон аст, ин даъвати худро рӯзи 24 октябр, як рӯз баъди пахши хабари расмӣ дар бораи ин ки дасти як марди маҳкумшуда дар дуздӣ бурида шуд, нашр намуд. Солеҳ Ҳиҷозӣ, муовини раиси бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар созмони Афви байнулмилал гуфт, ки Эрон бояд билофосила ба сӯи эҷоди низоми адлияе ҳаракат кунад, ки нисбати “зиндониҳо инсонвор муносибат шавад ва бештар сари масъалаи барқарорӣ тамаркуз сурат гирад”.

Бахши адлияи вилояти шимолии Мозандарон рӯзи 23 октябр эълон кард, дасти марде, ки дар ҳодисаҳои батакрори ғотаргарӣ даст доштааст, бар асоси ҳукми додгоҳ бурида шуд. Ин ҳодиса дар зиндони шаҳри Сорӣ, маркази маъмурии Мозандарон рух додааст.

Дар хабари расмӣ гуфта шуд, ки “дузди касбӣ” 28 ҳодисаи ғоратгариро эътироф кардааст ва дастбурии мард дар чаҳорчӯби “сиёсати департаменти адлия барои саркӯби шадид ва бидуни таъхири онҳое аст, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва амниятро ба ҳам зада, маблағҳои давлатиро ғорат мекунанд”.

Исм ва дигар ҷузъиёти марбут ба шахси маҳкумшуда нашр намешавад ва ҳам маълум нест, ки ӯ чӣ муддате дар зиндон хоҳад буд. “Осеби ҷисмонии аз пеш таъиншуда ба шахсиятҳои алоҳида адолат нест, - гуфт Ҳиҷозӣ, - балки шакли дигари манфури шиканҷа мебошад”.

Дар гузашта Эрон чандин навъи дигари муҷозот, мисли сангсор, кӯр кардани чашм, шаллоқ задан ва қатъ кардани узви баданро иҷро кардааст, ки мегӯяд, мутобиқ ба қавонини шариат аст, вале аз назари фаъолони ҳуқуқ – бераҳмонаву ғайриинсонӣ арзёбӣ шудаанд. Бо ин вуҷуд, ҳодисаҳои буридани дасти дуздон дар Эрон солҳои охир хеле кам иҷро шудааст.