ИМА ҳузурашро дар шимол-шарқи Сурия тақвият мебахшад

Вазорати дифои Амрико гуфт, барои роҳ надодан ба зуҳури дубораи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва ба дасти онҳо наафтодани чоҳҳои нафт, ҳузури низомиашро дар шимол-шарқи Сурия тақвият мебахшад. Қарор дар ин бора рӯзи 24-уми октябр -- чанд рӯз баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп амр дод, нерӯҳои Амрикоро аз манотиқи марзии Туркия ихроҷ кунанд ва имкон бидиҳанд, ки Туркия размандагони курдро берун карда ва “минтақаи амн” таъсис диҳад, эълон шуд.

Ин манотиқро, ки қаблан нерӯҳои амрикоӣ бо муттаҳидонаш размандагони курд муҳофизат мекард, ҳоло нерӯҳои Туркияву Русия назорат доранд. Қарори Трампро вакилони Ҳизби Демократ ва ҷумҳурихоҳон сахт танқид карданд. Аксарияти аз он бим доранд, ки ҳудуди 10 ҳазор ҷангҷӯи “Давлати исломӣ”, ки дар асорати размандагони курд ҳастанд, метавонанд, бо истифода аз бесарусомонӣ раҳо шаванд.

Як мақоми расмии вазорати дифои Амрико рӯзи 24-уми октябр гуфт: “Яке аз дастовардҳои чашмгири Амрико ва муттаҳидонаш дар ҷанг ба зидди ДИИШ ба даст овардани конҳои нафт дар шарқи Сурия буд, ки манбаи муҳими даромад барои ДИИШ ба ҳисоб мерафтанд.”

Дар баёнияи расмии ӯ омадааст, ки Амрико дар ҳамоҳангӣ бо Нерӯҳои Демократии Сурия таҳти раҳбарии размандагони курд, ҳузури низомиашро дар шимо-шарқи ин кишвар тақвият мебахшад, то чоҳҳои нафт дигарбора ба дасти ДОИШ ва дигар унсурҳои харобкор наафтанд.