Интиқоди Амрико аз қарори ахири Иттиҳоди Аврупо дар заминаи пазириши аъзои нав

Метю Палмер

Сенаторҳои амрикоӣ ва фиристодаи аршади ИМА дар кишварҳои Балкани Ғарбӣ Иттиҳоди Аврупоро интиқод карданд, ки аз шурӯи ҷараёни ба узвият пазируфтани Албания ва Македонияи Шимолӣ худдорӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки чунин ҳолат боиси афзоиши нуфузи Русия дар ин қаламрав мешавад.

Сенатор Ҷин Шоҳин (демократ аз Ню Ҳемпшир) рӯзи 23 октябр дар лаҳзаҳои оғози ҷаласа дар ин мавзӯъ гуфт, “мо ба кишварҳои Балкан имкон додем, ки ба Ғарб нигаранд, на дубора ба самти шарқ, ба сӯи Русия”. Ӯ дар идома гуфт, “агар мо чунин имкониятро аз даст бидиҳем, яъне коре, ки ахиран Иттиҳоди Аврупо кард, ин ҳолат ба Балкани ғарбӣ паёми қавӣ медиҳад, ки онҳо набояд аз паи идомаи ислоҳот бошанд, ба ғарб нигаронида шаванд ва арзишҳои ғарбиро фаро бигиранд”.

Дар ҷаласаи 15 октябр вазирони Иттиҳоди Аврупо барои шурӯи музокироти узвияти ду кишвари Балкан дар ин созмон ризоят надоданд ва гуфтанд, ки сабабаш дар ноомодагии ин кишварҳо аст. Баъди айни чунин қарорҳо дар июни соли 2018 ва июни соли 2019 - ин бори сеюм аст, ки вазирони иттиҳоди иборат аз 28 узв наметавонанд ба назари воҳид даст ёбанд. Ба вижа Фаронса ва Ҳолланд гуфтанд, ки омода нестанд, ки дарҳои худро ба рӯи аъзои нав боз кунанд, чун, ба назари онҳо, дар кишварҳои аризадиҳанда барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо мушкилоти мисли коррупсия ва ҳам риоя нашудани меъёрҳои қонун вуҷуд дорад. Фиристодаи ИМА дар Балкани Ғарбӣ Метю Палмер ба сенаторҳо гуфт, ки Департаменти давлатӣ аз қарори Иттиҳоди Аврупо “амиқан ноумед” шудааст.