Гурӯҳе аз вакилони демократ ва ҷумҳурихоҳ аз вазорати умури хориҷии Амрико хостаанд, барои яке аз фармондеҳони курд раводид содир кунад, то ӯ ба Вашингтон омада, дар бораи вазъ дар Сурия дар назди вакилон дар Вашингтон гузориш диҳад.
Линдси Граҳам, Марша Блекбурн аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Крис Ван Ҳоллен, Ҷин Шаҳин, Ричард Блументал аз Ҳизби Демократ бо ирсоли номае ба Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ аз ӯ хостаанд, ҳарчӣ зудтар ба генерал Мазлум Кубонӣ раводид бидиҳанд. Дар номаи онҳо омадааст, "агар бигӯем, ки мо аз вазъи пешомада дар шимоли Сурия фавқулодда нигаронем, кам аст.”
Ба гуфтаи вакилон, сафари генерали курд ба Вашингтон ҳам ба нафъи Конгресс ва ҳам ба нафъи ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп хоҳад буд. Чанд соат пештар аз талаби вакилон, Трамп эълон кард, ки созиши оташбас дар шимоли Сурия доимӣ шуд ва барои ҳамин ӯ, таҳримот ба зидди Туркияро аз байн мебарад.
Доналд Трамп айни замон аз қарораш дар рӯзи 7-уми сентябр бораи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз шимоли Сурия ва танҳо гузоштани размандагони курд дар амалиёти Туркия ба зидди онҳо ҳимоят кард. Туркия ду рӯз баъд аз ин ба зидди размандагони курд дар манотиқи марзии Сурия амалиёт оғоз кард.