Кохи хонҳои Хива дубора ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Узбекистон гузашт

Кохи Нуриллабой, як бахши арки Дишан-Қалъа дар ноҳи Хива, ки то ҳол дар ихтиёри Бонки миллии Узбекистон буд, 22 октябр ба осорхонаи Ичан-Қалъаи назди Вазорати фарҳанги ин кишвар пас гардонида шудааст.

Ба гуфтаи як мансабдори узбек, Бонки миллии ин кишвар бо 27 миллиард сӯм ($2,8 млн) ин кохро, ки аз тарафи хони Хива Муҳаммад Раҳимхон II (1845-1910) бунёд шудааст, бозсозӣ карда, ба макони зиёфати меҳмонони баландпоя табдил дода буд.

Муовини сардори Осорхонаи Ичан-Қалъа Мақсуд Абдурасулов аз гузаштани кохи мазкур ба ихтиёри онҳо истиқбол кард. "Ин кох яке аз беҳтарин марказҳои Хива буд, ки сайёҳонро ба худ ҷалб месохт. Бинои мазкур то ҳол дар ихтиёри Бонки миллӣ буд ва бинобар ин сайёҳон наметавонистанд аз он боздид кунанд", - афзуд ӯ.

Кохи Нуриллабой дар асоси қарори Девони вазирони Узбекистон аз 19 майи соли 2017 бо пули Бонки миллии ин кишвар бозсозӣ ва дар саҳни он тарабхонаву амфитеатр ва толорҳои зиёфат бунёд шудааст.

Муовини сардори Осорхонаи Ичан-Қалъа афзуд, ки кох ба макони сайёҳӣ табдил дода мешавад.