Трамп аз баргузории нишасти "Ҳафтгонаи бузург" дар клуби шахсиаш даст кашид

Доналд Трамп, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аз баргузории нишасти аз пеш тарҳрезишудаи кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" (G7) дар ҳудуди голф клуби худ дар Майами даст кашид.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим пас аз «девонагии расонаҳо, демократҳо ва душмании ғайримантиқӣ» гирифта шуд.

Дастгоҳи Трамп барои баргузории нишасти раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ ҷойи дигар ҷустуҷӯ доранд.

Аз ҷумла, эҳтимоли баргузор шудани нишаст дар қароргоҳи беруназшаҳрии президент дар Кэмп-Дэвид дар штати Мэрлиенд низ дар назар аст.

Интихоби «Trump National Doral” ҳамчун макони баргузории ин нишаст мавҷи интиқодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овард.

Онҳо талоши Трампро ғайриқонунӣ ва навъе фоида бардоштан аз президентӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва рушди тиҷораташ унвон карданд.

Гуфтугӯи сарони кишварҳои «Ҳафтгонаи бузург» 10-12-уми июни соли 2020 дар назар аст.