Наздики 100 тан аз кормандони ширкати "Корхонаи Ҷалолобод ЖБИ", ки ба сохтани маҳсулоти оҳаниву бетонӣ машғул аст, намоиши эътирозӣ ташкил карданд.
Онҳо талаб доранд, ки корхона ба истифодаи барқ гузарад ва коргаронро заҳмат надиҳад. Ширкати "Элдик"-и Бунёди идораи амволи давлатӣ хабар дод, барқи коргоҳи бетонрезӣ иҷборан қатъ шудааст. "Элдик" талаб дорад, ки коргоҳ бинои иҷораро ба далели ба поён расидани муҳлати шартнома тарк кунад.
Коргарони "Корхонаи Ҷалолобод ЖБИ" бо баргузории роҳпаймоии эътирозӣ даъват карданд, ки мақомот монеи фаъолияти соҳибкорон нашаванд ва барқро ба коргоҳ баргардонанду роҳбарияти "Элдик"-ро сабукдуш кунанд.
"Соли 2017 мо ин коргоҳро ба иҷора гирифтем. Ин бино дар ҳолати вайронӣ қарор дошт. Мо бо маблағи ҳангуфт дастгоҳ харидем. Агар пештар инҷо 43 кас кор мекард, ҳоло шуморашон ба 103 тан расидааст. Мо андоз месупорем. Ширкати "Элдик" бо баҳонаи ба охир расидани муҳлати шартнома мехоҳад, моро аз корхона пеш кунад. 10 рӯз пеш барқро қатъ карданд, мо наметавонем кор кунем",-гуфт Бакит Борошев, мудири корхона.
Алексей Апиев, мудири ширкати "Элдик" мегӯяд, шартнома бо коргоҳи бетонрезӣ 1 солу се моҳ пеш ба охир расида буд. Сарфи назар аз ин, корхонаи бетонрезӣ намехоҳад, биноро тарк кунад.