Имрӯз дар Брюссел саммити дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) шуруъ мешавад. Мавзуи меҳварии саммит - хуруҷи Бритониё аз ИА аст.
Аммо гуфтугӯҳо дар мавриди тарҳи нави созиши хуруҷи Бритониё ё ба истилоҳ Брекзит, ки рӯзҳои охир миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо идома дошт, то субҳи 17 октябр бе натиҷа буд.
Дар ҳамин ҳол 19 октябр муҳлате ба поён мерасад, ки порлумони Бритониё ба сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон барои таҳияи созишнома дода буд. Агар ин созиш таҳия нашавад, Ҷонсон маҷбур аст, барои таъхири хуруҷи кишвараш аз ИА муҳлати иловагӣ дархост кунад.
Рӯзи чаҳоршанбе гуфтугӯҳо тамоми рӯз давом карданд. Шоми он рӯз хабар расид, ки матни созишнома тақрибан мувофиқа шудааст. Манобеи огоҳ гуфтанд, Бритониё гузаштҳои зиёде кардааст, аз ҷумла дар бораи марзҳои Ирландия.
Аммо намояндагони Ҳизби иттиҳоди демократии Ирландияи Шимолӣ мухолифи ин тарҳ аст. Бидуни раъйи онҳо Борис Ҷонсон наметавонад, ризоияти порлумонро дар мавриди созишномаи хуруҷ аз ИА дарёфт кунад. Аъзои Ҳизби иттиҳоди демократӣ субҳи рӯзи панҷшанбе иттилоъ доданд, ки шартҳои созишнома онҳоро қонеъ намекунад. Гуфтугӯҳо давом доранд.
Порлумони Бритониё тасмим дорад, натиҷаҳои гуфтугӯи саммити ИА-ро рӯзи шанбеи 19 октябр баррасӣ кунад.
Борис Ҷонсон борҳо ба такрор гуфтааст, ки Бритониё дар ҳар сурат 31 октябр аз ИА хориҷ мешавад.