Баъд аз гузориши Озодӣ. Мақомот гуфтанд, "Хористон" "Гулистон" мешавад. ВИДЕО

Мақомот дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, роҳҳои деҳаи Гулистонро, ки сокинон онро ғайрирасмӣ "Хористон" меноманд, бозсозӣ намуда, ин деҳаро обёрӣ кунанд.

Ин тасмим баъд аз як гузориши Радиои Озодӣ гирифта шуд, ки рӯзи 13-уми сентябри имсол нашр гардид.

Гулбаҳор Сафарова, як сокини деҳаи Гулистон, рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, раиси ҷамоат ба деҳа омада, бо мардум сӯҳбат кардааст.

"Ду рӯз об ҳам омад, аммо аз сабаби корношоям шудани муҳаррики обкашӣ, ҳоло обро қатъ карданд. Раиси ҷамоат дар масъалаи роҳ ва мактаб низ сӯҳбат кард ва гуфт, ин дар сатҳи ноҳия баррасӣ шудааст ва бояд сохта шавад. Ҳоло интизор мемонем, ки кай ин ваъдаҳо амалӣ мешавад", -- афзуд мусоҳиби мо.

Масъулони ҷамоат низ мегӯянд, онҳо тасмим доранд деҳаи Гулистонро дар воқеъ ба Гулистон табдил диҳанд. Ба қавли онҳо, ба хоҷагиҳои фермерӣ дастур шудааст, ҳар ҷодаеро, ки аз назди заминҳои онҳо мегузарад, таъмир кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳатто барои кашонидани об лоиҳакашҳоро оварда, нақшаи овардани оби ошомиданӣ ба деҳаро тарҳрезӣ карданд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот ваъда доданд, ки "Хористон"-ро Гулистон мекунанд

Аммо бархе аз сокинон ба ин назаранд, аз "маҷлисбозӣ" ҳеч фоида нест ва то ин гуфтаҳо дар амал иҷро нашавад, ба ваъдаҳои мақомот бовар намекунанд.

Нағзигул Сайдаҳмадова, сокини дигари деҳаи Гулистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз мулоқоти раиси ҷамоат бо сокинон ду рӯз ба деҳа об омад ва баъдан дигар обро надиданд. Ба гуфтаи вай, масъулони ҷамоат сохтани роҳ ва мактабро "ба гардани онҳо андохтаанд".

"Мо ҳама камбизоатем, аз куҷо пул дорем, ки мактабу роҳ созем. "Лексус"-и мо хару ароба аст", -- гуфт Нағзигул Сайдаҳмадова.

Бархе дигар аз сокинон мегӯянд, ки бори аввал тайи шаш соли ахир шоҳиди ҳузури масъулони ноҳия ва ҷамоат дар деҳаашон ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, як гузориши Радиои Озодӣ пойи масъулонро ба деҳаи онҳо кашонд.

Садриддин Ҷӯрахонов, сокини дигари деҳа, гуфт, баъди гузориши Радиои Озодӣ дар маҳалли зисти онҳо навигарӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷӯрахонов афзуд, обро ба деҳаи онҳо оварданд ва яке аз мушкилоти умдаи онҳо рафъ шуд.

Замоне ки гузориш таҳия мешуд, аз ин деҳа хабар расид, ки мақомот тасмим гирифтаанд, сохтмони мактаби ибтидоиро шурӯъ кунанд.

Зимнан, дар деҳаи Гулистон 30 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Сокинон мегӯянд, ки агар деҳаи "Хористон"-и онҳо ба Гулистони воқеӣ мубаддал нашавад ва масъулон ба ваъдаашон вафо накунанд, боз шикоят хоҳанд кард.