Муаллифи китоби "Арӯсони Оллоҳ"-ро озод карданд

Юлия Юзик, муаллифи ктоби "Арӯсони Аллоҳ"

Ҳукумати Эрон Юлия Юзик, рӯзноманигори русро, ки дар Теҳрон боздошт шуда буд, раҳо кардааст.

Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба Аббос Мусавӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори Эрон, журналист барои «додани як қатор тавзеҳ» боздошт шуд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Юзик барои ҳамкорӣ бо хадамоти истихборотии Исроил боздошт шудааст.

Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки баробари дар хоки Эрон фуруд омаданаш шиносномаи ӯро мақомоти марзбонии Эрон гирифтанд.

Юзик соли 1981 дар минтақаи Ростови Русия таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 баъди нашри китобаш бо номи “Арӯсони Оллоҳ” маъруф шуд, ки дар бораи занони бомбгузор дар минтақаи аксаран мусалмоннишини Қафқози Шимолии Русия қисса мекард.