Ҳуқуқшиноси эҳсонкори қирғизистонӣ соҳиби ҷоизаи СММ шуд

Азизбек Ашӯров, ҳуқуқшиноси қирғизистонӣ соҳиби ҷоизаи ба номи Нансени Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон шуд. Маросими эътои ҷоиза рӯзи 2 октябр дар Женева барпо шуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Қирғизистон нахустин кишваре дар дунё гардид, ки масъалаи бешаҳрвандиро ҳал кардааст. Дар ин дастовард хадамот ва кумакҳои Азизбек Ашӯров кам набуд. Созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона", ки роҳбариашро Ашӯров дар ихтиёр дорад, ба афроди беҳуҷҷат ва бешаҳрвандӣ кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад.

Ба иттилои маъмурияти СММ дар умури паноҳандагон, созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона" ба бештар аз 10 ҳазор фарди бешаҳрвандӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонидааст. Ашӯров гуфт, ба ин теъдод одамон давоми чаҳор соли охир кумак расонида шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон дар якҷоягӣ бо ҳуқуқшиносони созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона" ва ёрии маъмурияти СММ дар умури паноҳандагон сар аз соли 2014 ба деҳаҳои он кишвар рафта, афроди бешаҳрвандиро пайдо ва барояшон ҳуҷҷат таҳия кардаанд. Дар саросари Қирғизистон 13 ҳазору 707 фарди бе шаҳрвандӣ пайдо гардид.

Ҷоизаи СММ ба ифтихори муҳақиқ Фритоф Нансен (1861-1930) гузошта шуд, ки вай дар бахши ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагон фаъолият мекард.