Украина аз ИМА 150 мушаки Javelin мехарад

Департаменти давлатии ИМА шартномаи фурӯши 150 мушаки зидди тонкии Javelin ба Украина ва таҷҳизоти дигари муҳим барои ин мушакҳоро тасдиқ кард. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА рӯзи панҷшанбе хабар дод. Мушакҳо ва таҷҳизоти муҳим барои онҳо бештар аз 39 миллион доллар арзиш доранд. Ин дувумин маҷмуи мушакҳои Javelin аст, ки ба Украина фурӯхта мешавад. Соли гузашта ИМА ба Украина 200 мушак ва 37 маҷмаи партобкунанда ирсол карда буд.

Дар гуфтугӯи телефонии президенти ИМА Доналд Трамп дар таърихи 25 июли соли ҷорӣ бо ҳамтои украинаш Владимир Зеленский маҳз ҳамин навъи мушак баррасӣ шуда буд. Он гуфтугӯ боис гардид, ки Конгресси ИМА масъалаи эъломи нобоварӣ ба Трампро ба муҳокима бигирад.

Дар ин гуфтугӯ Зеленский изҳор дошт, Украина ба интиқоли минбаъдаи аслиҳа аз ИМА умедвор аст. Трамп дар посух аз Зеленский "хостори кумак" шуд ва дархост кард, ки фаъолияти писари мухолифи сиёсиаш Ҷо Байден дар Украина тафтиш шавад. Демократҳои Конгресс ба хулоса расиданд, ки Трамп ба президенти Украина бад-ин тартиб, бо ҳадафи зиён расонидан ба шаҳрванди ИМА, фишор овардааст. Трамп инро рад мекунад.

Интиқоли аслиҳаи кушандаро ба Украина нахуст ҳукумати Трамп шуруъ кард. Барак Обама, президенти пешини ИМА ба Украина танҳо аслиҳа ва таҷҳизоти ғайрикушанда интиқол дода буд. Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дақиқ нест, ки мушакҳои Javelin дар ҷангҳои шарқи Украина то кунун истифода шудааст ё на.