Маъракаҳои танзимшудаи Узбекистон: сарояндаҳо норозиянд

Сарояндаҳои Узбекистон аз қоидаҳои наве норозиянд, ки шумораи сарояндагону ҳунармандонро дар маъракаҳои тую сур маҳдуд мекунанд. Мақомот мегӯянд, ин ва дигар маҳдудиятҳоро ба хотири камхарҷ кардани анъанаву маросимҳои мардум ҷорӣ кардаанд.

Қоидаҳое, ки дар моҳи сентябр аз сӯи порлумон қабул шуданд, шумораи навозандагону сарояндагон дар маъракаҳо, теъдоди меҳмонон ва адади мошинҳоро ба танзим медароранд.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сарояндагони маъруфи Узбекистон гуфтанд, ҳунарнамоии онҳо манбаи даромади афроди дигар аст.

Муниса Ризоева, сарояндаи узбек гуфт, барои як ҳунарнамоии кутоҳ дар туйҳо то 800 доллар ҳаққи хизмат мегирад. Вай ин муздро бо навозандагон ва дигар афроди тимаш тақсим мекунад. Дар навбати худ, онҳо хонаводаҳояшонро таъмин мекунанд. "Дар маҷмуъ, ҳунарнамоӣ ва даромади ман дар моҳ қариб 150 касро таъмин мекунад", - гуфт Ризоева.

Озода Нурсаидова, сарояндаи дигар ҳам ба ин шева аз ҳунари худ дифоъ ва қоидаҳои навро танқид кард. Сарояндагони дигар - Райҳон, Улуғбек Раҳматуллоев, Мавлуда Асалхоҷаева, Рашид Холиқов, Шаҳзода, Ҷаҳонгир Отаҷонов, Фаррух Зокиров ва Юлдуз Усмонова низ ҳамовоз шуданд.

Қоидаҳои нав иштироки бештар аз 250 меҳмонро дар тӯйҳо манъ мекунанд. Бар асоси ин қоидаҳо, теъдоди мошинҳо ҳам набояд аз 3 адад бештар бошад. Одатан дар тӯйҳои Узбекистон зиёда аз 400 меҳмон даъват мешавад ва шумори мошинҳое ҳам беҳисоб аст, ки дар овардани арус ширкат мекунанд.