Сар аз 2-юми ноябри соли ҷорӣ ширкати Ural Airlines ҳар рӯзи шанбе аз Воронежи Русия ба шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Ӯши Қирғизистон парвозҳо анҷом медиҳад. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ бо такя ба масъулони фурудгоҳи Воронеж, хабар доданд.
Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои навъи Airbus A320 сурат мегирад. Қимати як билет аз Воронеж то Ӯш 8 ҳазору 700 рубл муайян шудааст. Ба гуфтаи хадамоти матбуоти фурудгоҳ, қимати парвоз ба Душанбе баъдтар эълон хоҳад шуд.
Манбаъ дар шарҳи ин хабар мегӯяд, ки ҳавопаймо соати 9:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз Ӯш парвоз намуда ва соати 11:00 дар Воронеж поин мешавад. Сипас ҳавопаймо соати 12:35 ҳавопаймо ба самти Душанбе ҳаракат намуда ва соати 18:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар пойтахти Тоҷикистон фуруд меояд. Ҳамин тариқ ҳавопаймо соати 19:50 аз Душанбе ба самти Воронеж парвоз мекунад ва соати 22:05 дар Воронеж фуруд меояд.
Гаронии нархи билет дар солҳои ахир сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз тариқи Қирғизистон ва Узбекистон худро ба дигар кишвар расонанд. Гурӯҳи дигар бахусус муҳоҷирон сафар ба автобусро бартарӣ медиҳанд. Арзиши сафар бо автобус ҳудуди 900 сомонӣ аст. Ҳарчанд ба гуфтаи аҳолӣ сафар бо автобус 3-4 рӯз ва пурмашаққат аст, аммо аз сабаби гарон будани парвоз бо ҳавопаймо ночор ба азоби роҳ тоқат мекунанд.
Шикоятҳо аз гаронии нархи чипта борҳо садо додааст. Бахусус дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар мавсими рафту баргашти муҳоҷирони корӣ ҳамеша билетҳо гарон мешаванд.
Русия мизбони даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва аз чандин шаҳрҳои ин кишвар ба Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон парвозҳо сурат мегирад. Дар баробари ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ, ширкати "Сомон Эйр"-и ва "Тоҷик Эйр"-и Тоҷикистон низ дар ин масир фаъол аст.