Толибон ва фиристодаи Амрико дар Покистон аз чӣ хоҳанд гуфт?

Ҳайати Толибон. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳи Толибон хабар дод, ки як ҳайати он рӯзи 2-юми октябр ба Покистон рафтааст. Ин дар ҳолест, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон, низ дар Исломобод аст ва бо мақомоти ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Маълум нест, намояндагони Толибон ва фиристодаи хоси Амрико дидор хоҳанд дошт, ё не.

Муллоабдулғанӣ Бародар, яке аз раҳбарони Толибон гуфтааст, ҳайат бо мақомоти Покистон "масъалаҳои муҳим"-ро баррасӣ мекунанд.

Дар оғози солҳои 1990, замоне ки ҷунбиши Толибон ташкил шуд ва ҳангоми ҷанги дохилии Афғонистон, Покистон аз ин гуруҳ пуштибонӣ кардааст. Гуфта мешавад, ҳайати Толибон ба раҳбарияти Исломобод дар бораи сабабҳое, ки ба қатъи музокироти сулҳ расонд, маълумот медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми афғон гуфт, ҷангҷӯёни Толибон ҳамла ба Толиқон, маркази вилояти шимолии Тахорро оғоз кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 2-юми октябр дар таркиши бомби канори роҳ дар минтақаи шарқии Каписо низ шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.