Ҷавоне, ки ба ҳамла ба ду сарбози рус муттаҳам аст, дар куҷост?

Акс аз бойгонӣ

Волидони Аҳлиддин Абдуллоев, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки ба ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия муттаҳам аст, гуфтанд, даҳ рӯз боз ӯро надидаанд ва намедонанд дар чӣ шароит аст. Мақомот ҷойи нигаҳдории ӯро намегӯянд.

Қаблан масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ӯ бемори равонист, вале маълум нест ҳоло дар бемористон аст, ё боздошт.

Ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 20-уми сентябр дар шаҳри Бохтар, маркази Хатлон, иттифоқ афтодааст. Ҳодисаро Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ дорад. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, таҳқиқ идома дорад.”

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни тафтишот бо мақомоти пойгоҳи 201-уми Русия низ ҳамкорӣ доранд, вале ҷузъиёти парвандаро ифшо карда наметавонад. “Гумонбари асосӣ муайян шуда, зери назорат аст”, -- гуфт ӯ.

Масъулони пойгоҳи ҳарбии Русия дар минтақа бо баҳонаи он ки сухангӯи онҳо феълан дар Маскав қарор дорад, аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Моҳинав Абдуллоева, модари Аҳлиддин Абдуллоев, рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ писари ягонаи оила аст ва аз соли 2016 боз мубталои бемории рӯҳист. “Рӯзи ҳодиса бисёр гирист, ки маро дар хона маҳкам накунед, безор шудам. Ба ӯ иҷоза додем, ки ба берун баромада тамошо кунад. Вай ба шаҳри Бохтар рафтааст ва дар ҳамон ҷо бемориаш хуруҷ мекунад. Дар вақти бозгашт ду сарбоз меоянд ва байнашон чӣ ҷанҷоле шудааст,” – нақл кард Моҳинав Абдуллоева.

Ин сокини ноҳияи Вахш афзуд, аз рӯзи ҳодиса ба ин тараф писарашро надидааст ва то ҳол намедонад, ки сабаби рух додани ҳодиса чӣ аст. Мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мумкин аст бо дидани модар вазъи равонии Аҳлиддин Абдуллоев дубора бад шавад ва ба ҳамин далел аз ӯ хостаанд, то анҷоми ташхис сабр кунад.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “як ҳайати равоншиносон бояд дақиқ кунанд, ки нафари гумонбар воқеан касали руҳӣ аст, ё солим. Танҳо дар он сурат маълум мешавад, ки Аҳлиддин Абдуллоев боздошт мешавад ё ба табобат фиристода хоҳад шуд.”

Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса на мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ва на масъулони пойгоҳи 201 ва сафорати Русия нагуфтаанд, ки сабаби асосии ҳамла ба сарбозони рус чӣ будааст. Маълум нест, Аҳлиддин Абдуллоев худ ба худ ба онҳо ҳамла кардааст, ё аввал ҷанҷоле байнашон шудааст.

Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр бо нашри иттилоияи расмӣ гуфта буданд, ки таҳқиқи ҳодисаро ҷиддан пайгирӣ доранд.

Дар гузашта чанд мавриди ҳамлаи сарбозонои пойгоҳи 201-и Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё қатли баъзе афрод ба дасти онҳо сабт шуда буд. Ин сарбозон ба далели бемории руҳӣ доштан ва табобату ташхис ба Русия бурда шуданд.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон кам кардааст.

Ин пойгоҳ ҳақ дорад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Мухолифон борҳо аз ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо истиқлол ва тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад, танқид кардаанд.