Мақомот гуфтанд, дар нимаи аввали моҳи октябр дар кишвар "Форуми ҷумҳуриявии занон" баргузор хоҳад шуд, ки онро Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон – раҳбарӣ мекунад.
Ба қавли манобеи расмӣ, "дар форум занони фаъол ва шинохта иштирок карда, масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, фарҳанг ва омӯзиши духтаронро баррасӣ мешавад."
Маълум нест, дар ин нишаст аз шиканҷаи занон дар хонавода ва талоқҳои зиёд, ки ба қавли созмонҳои байналмилалӣ вазъи бонувонро дар кишвар бад кардааст, хоҳанд гуфт, ё не.
Аммо ин нишасти занон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба иттилои мақомот Озода Раҳмон моҳи гузашта "сафири созмони байналмилалии занони сиёсатмадори раҳбар" эълон шудааст. Баъзе аз коршиносон бо ишора ба ин мегӯянд, шояд форум ҷавоби Тоҷикистон ба созмон аст ва ба тахмини онҳо "бештар аз пешрафтҳо гуфта хоҳад шуд, на камбудҳо".
Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, се сол боз раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Вай ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.
Духтари 41-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад ва дар ҳоли ҳозир аз афроди матраҳ дар кишвар аст.
Бархе аз коршиносон ӯро аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи соли ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд, вале на худи ӯ ва на мақомот дар ин бора гап назадаанд.
Солҳои ахир бисёриҳо барои ҳалли мушкили худ дар баробари президент ба Озода Раҳмон низ муроҷиат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, "ҳалли мушкили сокинон аз ҷониби ӯ интихобӣ буда, ба сурати умум мансабдори дастрас шумурда намешавад."