Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард.
Ин маърака рӯзи 1-уми октябр бо ҳузури сад ҳазор нафар, аз ҷумла 15 ҳазор низомӣ баргузор шуд. Ҳукумати Чин талош кард, то нишон диҳад, ки тавоноии мубориза бо чолишҳо, аз ҷумла эътирозҳои чанд моҳи ахир дар Ҳонгконгро дорад.
Чин дар замони раҳбарии Сӣ Ҷинпинг маблағгузорӣ дар бахши низомиро афзоиш додааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо он ки сарони кишварҳои дигар барои иштирок дар маросими рӯзи сешанбе даъват нашуда буданд, сафирони чанде аз давлатҳо дар он иштирок доштанд.
Ҳукумати коммунистии Чин рӯзи 1-уми октябри соли 1949, баъди ба қудрат расидани коммунистҳо бо роҳбарии Мао Дзе Дун ташкил шуд.
Ҳизби коммунистӣ дар Чин то кунун сари қудрат аст, аммо ислоҳоти иқтисодие, ки дар охири солҳои 1970 оғоз гардид, боис ба пешрафти кишвар ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарб Чинро барои поймолсозии ҳуқуқи инсон, ба вижа ақаллиятҳои миллӣ дар Тибет ва минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғур, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ танқид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Ҳонгконг, ки 20 сол пеш ба ихтиёри Чин дода шуд, рӯзи сешанбе миёни пулис ва эътирозгарон занозании нав рух дод.
Эътирозгарон талош карданд, ки бо идомаи тазоҳурот маросими ҷашни ҳафтодумин солгарди ҳокимияти ҳизби коммунист дар Чинро таҳти шуо қарор диҳанд.
Ҳонгконг чаҳор моҳ боз шоҳиди эътирозҳои густарда алайҳи тарҳи истирдоди гунаҳкорон ба Чин аст.