Дар ҳамлаи Толибон 11 ходими полис кушта шуд

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар як ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи полис дар вилояти шимолии Балхи Афғонистон дасти кам 11 афсари полис кушта шуд. Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волӣ гуфт, ки субҳи барвақти 1 октябр корвони иборат аз тақрибан 400 ҷангҷӯи Толибон савори мотосикл ба қароргоҳи полис дар ноҳияи Шӯртеппа ҳамла карданд. Дар паи ин рӯёрӯии шадиде шурӯъ шуд, ки то ҳол идома дорад. Мунир Аҳмад Фарҳод гуфт, ки дар ин ҳамла “11 афсари полис кушта шуд. Толибон ҳам қурбонии зиёд доданд”. Ба иттилои ин намояндаи давлат, нирӯҳои ҳукуматӣ барои муқовимат ба ҳамлаи Толибон ба минтақа сафарбар шудаанд. Ба иттилои Каримхон, раиси ноҳияи Шӯртеппа, Толибон 13 афсари полисро боздошт карда, бинои идораи полисро оташ заданд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ҷангиён назорати минтақаро ба даст оварданд.

Ҳамлаҳои Толибон дар ҳолест, ки дар Афғонистон тоза даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд ва даври дуюм ба моҳи ноябр вогузор шудааст.