Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 30 сентябр як сокини 22-соларо бо айби дарёфт кардан, нигаҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, шаш сол зиндонӣ кард. Ин мард эълони фурӯши маводи мухаддирро тавассути паёмакрасони Telegram ба роҳ монда буд.
Ба иттилои тафтишот, марди айбдоршаванда дар Telegram ҳам эълони фурӯши маводи мухаддирро ба роҳ монда ва ҳам онро нархгузорӣ карда ва маблағи фурӯшро низ тавассути замимаи мобилӣ ба даст меовардааст.
Тафтишот натавонист, муайян кунад, ки ин мард маводи мухаддиро аз куҷо дастрас мекард.
Айбдоршаванда танҳо нигаҳдории маводи мухаддирро эътироф кард. Вай гуфт, ба фурӯши он машғул набуд ва маблағро бо хоҳиши ошнояш қабул мекард. Сокини 22-сола пештар аз ин фурӯши маводи мухаддирро низ эътироф карда буд, аммо баъдтар аз эътирофҳояш даст кашид.
"Ин гуна ҷиноятҳоро ҳоло ошкор кардан хеле душвор аст. Зеро фурӯшандагони маводи мухаддир ин тиҷоратро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонанд ва маблағро ҳам тавассути замимаҳои мобилӣ дарёфт мекунанд. Баъди анҷом додани ду-се амалиёт, симкортро иваз мекунанд ва рақами нав таъсис дода, корашонро пеш мебаранд",-гуфт Куанишбек Абишев, муфаттиши парвандаи мазкур.