"Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар соҳили Тебалай. ВИДЕО

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, ки дар нӯҳ моҳи ахир чандин бор маҷрои Тебалайро аз партовҳои пластикӣ пок кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ёд надоранд маҷрои ин сой, ки аз маркази шаҳри Кӯлоб мегузарад, бори охир кай аз партовҳо пок карда шудааст. Ин масъала айни замон нигаронии сокинони шаҳрро ба миён овардааст.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Чармгарони поён, партовҳо ва зарфҳои пластикӣ дар ин рудхона рӯз аз рӯз мисли "кӯҳ" ҷамъ мешавад, вале дар бартараф кардани он касе тайи чанд соли ахир иқдом намекунад.

Раҳмонбердӣ Турдибоев, як сокини шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи сокинон чанд бор иқдом намуда, зарфҳои пластикиро ҷамъоварӣ карданд, вале боз дар мудати кутоҳ ин зарфҳо дар маҷрои ин сой ҷамъ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони гирду атроф низ гунаҳгоранд, ки партофҳои худро дар рудхона меандозанд.

"Як маротиб ҳамин сойи Тебалайро тоза карда буданд, зебо шуда буд. Аммо дигар ёд надорем, ки ин макон кай тоза шуда бошад. Масъулин ҳеҷ парво надорад ва фикрам намекунанд, ки инҷо маркази шаҳр аст ва онро як нафар меҳмон омада бинад, чӣ мегуяд? Қуттиҳои палостикиро бинед, дар рӯи об мисли моҳӣ шино мекунанд",-гуфт мусоҳиби мо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар сойи Тебалай

Сокинони Чармгарони поён мегӯянд, ки ҳоло онҳо дар иҳотаи партов ва зарфҳои пластикӣ мондаанд. Акрам Абдуллоев, як сокини Чармгарони поён мегӯяд, гоҳе, ки кӯдакон зарфҳоро оташ мезананд, аз бӯйи ғализ дар атроф гаштугузор мушкил мешавад. Ба гуфтаи Абдуллоев, чанд соли пеш аз ин рудхона об мехурданд, вале ҳоло аз истеъмоли он парҳез мекунанд.

"Як корхона нест, ки ҳамин зарфҳои пластикиро коркард кунад. Мегӯянд, ки шаҳрро обод карда истодаем, аммо ҷойе, ки партов аст, он ободиро барбод медиҳад. Нигоҳ кунед, аз он тараф зарфҳои пластикӣ, аз ин тараф партовҳои памперс, дигар намедонем, чӣ гуна зиндагӣ кунем. Бовар кунед, ки кай ҳамин сангоб тоза карда буданд, ҳеҷ кас намедонад. ",-гуфт ин сокини шаҳр.

Шикояти сокинон аз партовҳои пластикӣ дар рӯдхонаи "Тебалай" дар ҳоле сар задааст, ки мақомот дар Кӯлоб мегӯянд, онҳо дар нуҳ моҳ чандин маротиба тариқи аксия соҳилро аз партовҳои пластикӣ пок карданд.

Саъдулло Неъматов, сардори Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳатто ду корманди Идораи коммуналӣ ва панҷ сокини ин шаҳрро дар ин робита ҷарима бастанд. Ӯ афзуд, ҳоло идораи онҳо ҳамаи талошашро мекунад, то ин рудхонаро аз партовҳо тоза нигаҳ дорад.

Вале сокинон ин гуфтаи масъулонро рад мекунанд ва мегӯянд, ки агар онҳо аксияи поксозии Тебалай аз партовҳоро мушоҳида мекарданд, ҳатман бо мақомот якҷо шуда, шаҳрро аз зарфҳои пластикӣ тоза мекарданд.

Бар асари обхезии моҳи майи соли 2010 дар Кӯлоб садҳо хона хароб ва даҳҳо нафар ҳалок шуда буд. Омили аслии обхезиро дар пур шудани рӯдхонаи Тебалай медонистанд.