Ҳусиҳо иддао карданд, ки 2000 сарбози Саудиро “асир гирифтанд”

Акс аз бойгонӣ

Шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 29-уми сентябр иддао карданд, ки "дар ҳамлаи бузург" дар марзи ин кишвар бо Арабистон ҳудуди 2000 сарбози Саудиро бо аслиҳаву таҷҳизот "асир гирифтаанд".

Тибқи гузоришҳо, ин ҳамла рӯзи 28-уми сентябр дар минтақаи Наҷрон рух додааст.

Шӯришиёни ҳусӣ видеоеро нашр карданд, ки дар он аслиҳаву сарбозон бо либоси артиши Арабистони Саудӣ дида мешаванд.

Чанд нафар дар видео худро сарбозони Саудӣ муаррифӣ мекунанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи шӯришёни ҳусӣ, гуфтааст, беш аз 200 сарбози Арабистони Саудӣ кушта шудаанд. Вале ҳукумати Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳ надодааст.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ чаҳор сол боз дар баробари шӯришиёни ҳусӣ дар Яман меҷангад. Даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо тани дигар бехонумон шудаанд.