ИМА бори дигар Димишқро дар истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор кард

Масъулияти ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ ба вилояти Идлиб дар моҳи майи соли равон бар зиммаи режими президенти Сурия Башор Асад аст. Ин иддаоро котиби давлатии ИМА Майк Помпео зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ню-Йорк баён дошт.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, Помпео гуфт, маълумот дар бораи ҳамлаи мазкурро иктишофҳои амрикоӣ омӯхтаанд. Вале мақомоти Сурия ҳамеша мегӯянд, ки силоҳи кимиёӣ надоранд ва даст доштани худро низ дар ҳамлаҳои кимиёии эҳтимолӣ рад мекунанд.

Вашингтон пас аз ҳодисаи моҳи май Маскав ва Сурияро дар ҳамла ба иншооти мадании Сурия айбдор кард. Помпео ҳамчунин дар нишаст аз таҳрими ду ширкати дигари русие хабар дод, ки ба ҳукумати Сурия сӯзишворӣ интиқол медиҳанд. Вазорати умури хориҷии Русия тасмими Вашингтонро "бемулоҳизагии сиёсӣ" номид. Ба гуфтаи вазорат, ширкатҳои таҳримшуда барои неруҳои Русия дар Сурия сӯзишвории авиатсионӣ интиқол медиҳанд.

Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА мубориза бо тундгароёнро дар Сурия соли 2014 оғоз кард. Эътилоф аз неруҳои мухолифи демократ ҳимоят мекунад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30-юми сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф борҳо Москваро ба ҷонибдорӣ аз режими Асад айбдор кард. Кишварҳои Ғарб ӯро ба нақзи густардаи ҳуқуқи инсон айбдор мекунанд.