Собиқ президенти Фаронса Жак Ширак дар синни 86-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти Ширакро рӯзи 26 сентябр дар Париж домодаш тасдиқ кард. Ширак солҳои 1995 то 2007 президенти Фаронса буд. Замони раҳбарии ӯ Фаронса ба фазои воҳиди ягонаи пулӣ евро ворид шуд ва аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ даст кашид. Дар замони Ширак мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт то панҷ сол коҳиш ёфт.
Ширкат соли 2003 зидди шурӯи амалиёти ИМА дар Ироқ баромад кардааст.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар як изҳороти телевизиониаш Жак Ширакро “сарнавишти Фаронса” номид.
“Жак Ширак сарнавишти Фаронса буд. Шурӯъ аз заминҳои оилавии онҳо дар Коррез то иродае, ки барои фатҳи Париж мусоидат кард. Дар давоми чандин даҳсола ӯ аз тамоми ҷузъиёти зиндагии сиёсии кишвар огоҳ буд”
Зимнан, дар миёни раҳбарони даҳҳо кишвари олам, рӯзи 27 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар барқияи тасаллият ба унвонии раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон аз даргузашти Жак Ширак изҳори таассуф кардааст. Раҳмон Ширакро як “сиёсатмадор ва шахсияти боризи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ” номида гуфтааст, ки “Тоҷикистон саҳми марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Фаронса қадрдонӣ мекунад ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад”.
Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки президенти собиқи Фаронса дар оромгоҳи Монпарнас ба хок супурда мешавад ва дар маросиме рӯзи душанбе ҷанозаи ӯ бо ширкати президент Макрон барпо мешавад.