Трамп роҳи баъзе аз мансабдорони эрониро ба Амрико баст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Департаменти давлатии ин кишвар дастур дод, ки як идда аз мансабдорони баландпояи Эрон ва аъзои оилаи онҳоро аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум кунанд.

Трамп ҳукумати Эронро бо амалкардҳое муттаҳам мекунад, ки ба назму суботи Ховари Миёна ва фаротар аз он таҳдид ба бор меоранд. Ин мансабдорон чӣ ба ҳайси муҳоҷир ва чӣ ғайримуҳоҷир нахоҳанд тавонист ба хоки Амрико ворид шаванд.

Мансабдорони эронӣ то ҳол ин иқдоми Амрикоро шарҳ надодаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 25-уми сентябр аз минбари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, то замоне ки таҳрими Ҷумҳурии Исломӣ идома дорад, музокираи барномаи ҳастаии Теҳрон имконпазир нест.

Рӯҳонӣ Амрикоро ба “терроризми бераҳмонаи иқтисодӣ” муттаҳам кард. Вай гуфт, Амрико талоши зиёд кардааст, то Эронро аз иқтисоди байналмилалӣ берун кунад.

Равобити Теҳрону Вашингтон як сол боз хеле сард аст. Соли гузашта Амрико аз созиши ҳастаии соли 2015 берун шуд. Моҳи равон як идда кишварҳои ғарбӣ Теҳронро ба роҳандозии ҳамла ба муассисаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ муттаҳам карданд. Ҷумҳурии Исломӣ ин айбномаро рад мекунад.