Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров омодагиҳои сафари президент Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар моҳи октябрро рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк баррасӣ кард. Дар як мусоҳибааш бо ТАСС Лавров гуфт, ки дар мулоқот бо вазири хориҷаи Саудӣ Иброҳим Ал-Ассаф барномаи сафари Путин ба ин кишварро баррасӣ кард, ки инчунин таҳлили вазъ дар Халиҷи Форс, Яман ва Сурия як бахши он мебошад. Рӯзи 14 сентябр чанд муассисаи нафтии Арабистони Саудӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва дар паи он ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон ангушти иттиҳомро ба сӯи Эрон баланд карданд.
Путин дар оғози сентябр бо президентони Туркия ва Эрон - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар Анкара дидор ва шароити сулҳ баъди ҳашт соли ҷангҳои дохилӣ дар Сурияро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот вазъи Идлиб, минтақае дар шимолуғарби Сурия, ки охирин пойгоҳи шӯришиён мебошад, баррасӣ шуд. Онҳо ҳушдор доданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷеаи башарӣ бояд шиддат дар минтақа коҳиш дода шавад.
Соли гузашта Русия ва Туркия созише оид ба таъсиси минтақаи ҳоил имзо карданд, ки бар асоси он Идлиб бояд аз ҳамлаҳои нирӯҳои ҳукуматӣ эмин бошад. Анкара дар минтақа 12 посгоҳи назоратӣ гузоштааст, вале тарси ин вуҷуд дорад, ки нирӯҳои суриягӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои русӣ ба сӯи Идлиб пеш мераванд.