Кори гумрукчиёни Қирғизистон онлайнӣ назорат мешавад

Дар Қирғизистон барои мониторинги фаъолияти кормандони гумрук дар гузаргоҳҳои марзӣ ва маконҳои расмиёти гумрукӣ низоми назорати видеоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, ки аз сӯи дастгоҳи Хадамоти гумруки ин кишвар ба тариқи онлайн идора мешавад.

Ба огаҳии хадамот, роҳандозии низоми назорати видеоӣ қарор аст, то охири соли равон ба поён бирасад. Дар ҳоли ҳозир насби дурбинҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳо ва маконҳои анҷоми расмиёти гумрукӣ ҷараён дорад.

Бо кумаки техникии Русия дар доираи раванди пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар 9 гузаргоҳи марзӣ 472 дурбини назоратӣ насб карда шудааст.