Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ба падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик, ки соли гузашта дар Русия кушта шуд, дар таҳияи санад ва ҳимояи ҳуқуқҳояш дар додгоҳ кӯмак мекунад.
Ҳафтаи гузашта, 17-уми сентябр, Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдоро барои сӯҳбат ба сафорат даъват кардааст.
Ду ҳафта пеш, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар муроҷиатномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои муҷозоти гумонбар дар қатли духтараш ба кумак ниёз дорад. Қазияи қатли Ҳувайдо дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста мегузарад. Ба мурофиа танҳо вакилони мудофеъ ва падари Ҳувайдо роҳ дода мешаванд.
Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба падари Ҳувайдо Тиллозода машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Қаблан, дар мурофиаи додгоҳӣ наздикони фарди муттаҳам дар қатли ин кӯдаки тоҷик даъво карданд, ки Абдусалом Саидов падари Ҳувайдо нест.
“Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки омодаанд, ҷиҳати дастрас кардани санадҳои лозим, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, санадҳое, ки барои шаҳрванди Тоҷикистон дар баҳси додгоҳӣ лозиманд, кӯмаки моддию ҳуқуқӣ расонанд”,--зикр шудааст, дар хабарномаи сафорат.
Қаблан, фаъолони ҷомеа барои таваҷҷӯҳи камтар ба ин қазия намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русияро интиқод карда буданд.
Аммо сафорат гуфтааст, ки аз аввал ин қазия зери назар буд ва барои одилона таҳқиқ шудани он ба ниҳодҳои дахлдори Русия мактуб кардаанд.
Муҳокимаи Александр Сёмин гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд.
Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода ва хоста буданд, "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."