Президенти дуюми Тунис Зайнуллобиддин бин Алӣ субҳи 20 сентябр дар синни 83-солагӣ дар ҳиҷрат, яъне дар Арабистони Саудӣ даргузашт. Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки президенти барканоршуда се моҳи охир дар бахши эҳёгарии бемористон зери назари табибон буд. То замони тасмимгирии хешовандон ва оилааш, ҷасади президенти собиқи Тунисро ба Макка фиристоданд.
Бин Алӣ соли 1987 баъди аз қудрат барканор кардани муассиси давлати Тунис Ҳабиб Бурқиба президенти ин кишвар шуд. Баъди он ки дар ин кишвари арабӣ соли 2011 ба истилоҳ «инқилоби ёсуман» шурӯъ шуд, Бен Алӣ ба Арабистони Саудӣ фирор ва дар он ҷо маскан гирифт. Мунаққидон президенти собиқро дар саркӯби озодиҳо, фишор ба мухолифон ва фирор аз арзишҳои демократӣ муттаҳам карданд.
Баъди аз қудрат барканор шудани Бин Алӣ, дар кишварҳои дигари Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, назири Мирс, Либия, Сурия ва Яман ҳам шӯришҳо сар зад, ки бо истилоҳи «баҳори араб» маъруф шуд. Дар паи ин таҳаввулот танҳо Тунис аст, ки тавонист дар кишвар низоми демократиро ҳифз кунад.