Парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон бозбинӣ мешавад

Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 19-уми сентябр бозбинии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро шуруъ кард, ки бо ҷурми "таъсис ва роҳбарии гуруҳи муташаккили фаромиллӣ" ва "қочоқбарӣ" 10 сол зиндонӣ шудааст.

Вакилони мудофеъ аз додгоҳ хостанд, касоне бозпурсӣ шаванд, ки дар зинаи аввали додгоҳӣ ширкат надоштанд, аммо дар рафти тафтишот шоҳидӣ дода буданд.

Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15-уми феврали соли 2018 дар ҳабс аст.

Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд.

Ҳамроҳ бо вакили пешин дар курсии айбдорӣ 11 каси дигар менишаст. Ҳамаи онҳо дар "қочоқи иқтисодӣ" ва "ширкат дар гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" айбдор мешуданд. Ба иттилои тафтишот, ин гуруҳ аз Чин ба Қазоқистону Русия ғайриқонунӣ мол интиқол медод.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16-уми феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.