Дар шаҳри Нурсултон рӯзи 19-уми сентябр даҳҳо зан бо талаби ҳалли мушкили манзили зист ва кумакҳои иҷтимоӣ ба хонаводаҳои серфарзанд дар назди бинои дастгоҳи президенти Қазоқистон даст ба тазоҳурот заданд.
Бонувони ҷамъшуда аз президенти пешин Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва муовини раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" Бауиржан Байбек талаб карданд, ки ба назди онҳо бароянд. Эътирозгарон "Елбасӣ!" (пешвои миллат), "Тоқаев", ва "Байбек!" шиор мепартофтанд.
"Вакилон ва ҳизби "Нур Отан" дар куҷо ҳастанд? Кӣ аз мо ҳимоят мекунад?", - гуфт яке аз иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ. Кормандони пулис сади роҳи эътирозгарон шуда, нагузоштанд, ки онҳо ба бинои дастгоҳи президент дохил шаванд.
Бархе аз бонувон норозигии худро ба сифати манзилҳои зисти нав барои хонаводаҳои серфарзанд баён карда, баъзеашон гуфтанд, то ҳол кумаки иҷтимоӣ дарёфт накардаанд.
Ба назди тазоҳургарон вакили сенати Қазоқистон Ляззат Сулаймон баромад. Занон аз ӯ пурсиданд, "тақдири 513 миллион тангае, ки барои хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд ҷудо гашта буд, чи шуд?"
Вакил дар посух гуфт, "президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми худ гуфта буд, ки хонаводаҳои серфарзанд кадом навъи кумаки иҷтимоиро дарёфт мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои давлатӣ ин масъаларо баррасӣ доранд". Вале эътирозгарон гуфтанд, ин бори чандум аст, ки мақомот ваъда медиҳанд, аммо иҷро намекунанд.
Эътирози модарони серфарзанд дар Қазоқистон аз моҳи феврали соли равон, пас аз ҳалокати панҷ хоҳар дар сӯхтори кулбаи муваққатие идома дорад. Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пасманзари эътирозҳои аввал ҳукуматро ба истеъфо фиристода буд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бо ин вуҷуд мушкили онҳо ҳал нашудааст.