Боздошти рӯзноманигори "Спутник" бо гумони даст доштан дар дуздии $1 млрд

Владимир Новосадюк

Кормандони Маркази миллии мубориза зидди коррупсияи Молдавия сармуҳаррири бахши минтақавии расонаи давлатии Русия -- "Спутник" Владимир Новосадюкро бо гумони даст доштан дар дуздии як миллион доллар дастгир карданд.

Дар ин бора аз Маркази милли мубориза бо фасоди Молдавия ба хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ доданд.

Дар Додситонии кулли Молдавия ба хабаргузории ТАСС гуфтанд, ки Новосадюк дар ҳоли ҳозир мавриди бозпурсӣ қарор дошта, манзили зисташро бозҷӯӣ карданд.

Ба иттилои нашрияи "Блокнот", ҳангоми бозҷӯии хонаи рӯзноманигор далелҳое пайдо карда шуданд, ки нишон медиҳанд, ба коршиносони Молдавия барои шарҳи мавзӯе маблағ пардохт мешудааст. Додситонҳо ҳамчунин бойгонии шахсии Новосадюкро низ пайдо кардаанд, ки дар он наворҳои ришвагирии кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар низ ҳаст.

Бонки миллии Молдавия моҳи ноябри соли 2014 муайян кард, ки се бонки ин кишвар пеш аз интихоботи порлумонӣ ҷамъан як миллион доллар пардохт кардаанд. Ин маблағ баробар ба 12,5 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Молдавия аст.

Ба гуфтаи муфаттишон, як қисми ин маблағ барои Русия ҷудо шудааст. Соли 2016 бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят сарвазири он кишвар Владимир Филат боздошт шуд. Ахиран дар доираи парвандаи мазкур дахлнопазирии ду вакили порлумони Молдавияро бекор ва худашонро боздошт карданд. Чандин гумонбар кишварро тарк карданд.