Таркиш дар Кобул. Ёвари Ашраф Ғанӣ: "Президент зарар надид"

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар таркише, ки рӯзи 17-уми сенятбр дар наздикии як гирдиҳамоии интихоботӣ бо иштироки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯй дод, 24 кас кушта ва 31 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ёвари Ғанӣ гуфт, ба ӯ зарар нарасидааст.

Ҳамлаи мусаллаҳона вақте рӯй дод, ки Ғанӣ мебоист дар вохӯрии интихоботӣ дар Ҷангалбоғ, маркази ноҳияи Парвон, дар шимоли Кобул суханронӣ кунад.

Абдулқосим Сангин, сардори бемористони вилоятӣ гуфт, дар миёни нобудшудагон занон ва кӯдакон мебошанд ва чунин менамояд, ки бисёрии нобудшудагон ғайринизомиён ҳастанд. "Ёрии таъҷилӣ то ҳол амал мекунад ва шумораи кушташудагон метавонад афзоиш ёбад", -- гуфт Сангин.

Як корманди ҳукумати маҳаллӣ гуфт, ҳамларо маргталабе анҷом додааст.

Масъулияти таркишро ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳ ба дӯш нагирифтааст.

Ба гузориши полис дар як ҳодисаи ҷудогона, аз таркиш ҳадди ақал се нафар дар маркази пойтахт, Кобул кушта шудааст.

Ҷангҷӯёни Толибон таҳдид кардаанд, ки барои пешгирии овоздиҳӣ дар интихоботи президентии 28-уми сентябр ҳамлаҳоро афзун мекунанд, то мардумро аз овоз додан ба Ғанӣ дилсард кунанд. Ғанӣ бори дувум аст, ки номзадии худро ба мӯҳлати панҷ соли дигар пешниҳод мекунад.

Пас аз таҳдиди Толибон ба ҳамла кардан ба ҷаласаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ, дар сартосари кишвар чораҳои сахти амниятӣ гирифта шудааст. Гуфтугӯҳои сулҳ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон барои ба созиш расидан дар бораи баровардани ҳазорон сарбозони Амрико, ҳафтаи гузашта шикаст хӯрд. Ҳукумати Афғонистон дар гуфтугӯҳо ҳамроҳ набуд.