Рӯзи 16-уми сентябр аз шуруи эътирозҳои Ҳонконг 100 рӯз пур шуд. Ширкатдорони эътироз талаби амалӣ кардани ислоҳоти демократиро доранд.
Сар аз соли 1997 ба ин тараф ин бадтарин буҳрони минтақаи нимамухтори таҳти роҳбарии Пекин аст. Бритониё дар соли 1997 Ҳонконгро ба ихтиёри Чин супурд.
Хабаргузории Reuters навишт, баъди эътироз ва задухӯрдҳои рӯзҳои истироҳат, дар шаҳр корхонаҳо ва истгоҳҳои метро дубора фаъол шуданд.
Рӯзи 15-уми сентябр, дар 99-ум рӯзи эътирозҳо даҳҳо ҳазор сокини Ҳонконг ба кӯча баромада, талабҳояшонро такрор карданд. Бархе аз эътирозгарон бо алвонҷ додани парчамҳои ИМА ва Бритониё, ба баргузории ислоҳоти демократӣ даъват карданд. Сокинон тасмим доранд, рӯзҳои 28-уми сентябр ва 1-уми октябр эътирозҳои нав баргузор кунанд.
Ҷумҳурии халқии Чин рӯзи 1-уми октябр 70-солагии таъсисёбиашро таҷлил мекунад.
Норозигии мардуми Ҳонконг баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.
Ҳонконг ҳеч гоҳ давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.
Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё ваъда дод, ки ҳадди ақал тайи 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.