Додситони ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, ки як сокини ноҳияро ҳашт сол аз озодӣ маҳрум кунад. Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнинсор, барои ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода Гулбаҳор Фаромарзова гумонбар аст.
Шоҳрух Раҷабзода, додситони ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин мард бар асоси моддаҳои “ба худкушӣ расонидан” ва “паст задани шаъну шараф” муҳокима мешавад. “Қарор аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ эълон шавад”, -- афзуд ӯ.
Пайвандони Эмом Забиров бо талаби додситонӣ розӣ нестанд ва умед доранд, ки додгоҳ ҳукми, ба гуфтаи онҳо, одилона содир содир мекунад. Барои то ба худкушӣ расондани инсон дар Тоҷикистон аз 5 то 8 соли зиндон муқаррар шудааст.
Гулбаҳор Фаромарзоваро рӯзи 15-уми апрели имсол дар анбори хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд. Хонаводаи домод гуфтанд, ки вазъи равонии арӯс хуб набуд. Аммо волидони духтар гуфтанд, ки ӯ бемории равонӣ надошт.
Гулбаҳор Фаромарзова соли 2018 бо Раҷабалӣ Забиров издивоҷ карда буд.
Аз ин пеш, соли 2018, Фаризаи Хӯҷаназар – сокини деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор – дар ҳавлии шавҳар худкушӣ кард ва дар ин ҳодиса хушдоманаш гунаҳкор эълон шуд. Занро барои ба худкушӣ расонидани арӯс 5,5 сол зиндонӣ карданд.