Эдуард Сноуден, корманди пешини Оҷонсии миллии амнияти Амрико гуфт, ки замони ахир танқид дар нисбаташ дар ИМА коҳиш ёфтааст ва эҳтимолан ба ватан баргашта, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кунад.
Эдуард Сноуден ҳоло дар Русия паноҳанда аст.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои миллии ҷамъиятии Амрико (NPR) шарҳ дод, ки иттилои маҳрамонаро ба хотири озодии шаҳрвандон ва ҳифзи арзишҳои демократӣ ба ихтиёри матбуот супурд.
Сноуден таъкид кард, ки ҳеҷ гоҳ ба Русия рафтан намехост ва парвозаш ба ин кишвар тасодуфӣ буд. Ӯ гуфт, дар фурудгоҳи Маскав фаҳмид, ки гузарномаи ӯро Амрико лағв кардааст.
Ӯ гирифтани маблағ ва ҳамкорӣ бо ҳукумат ё Хадамоти махсуси Русияро рад кард.
Ба қавли Сноуден, ӯ ҳоло аз роҳи маъруза хондан ба донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа маблағ ба даст меорад.
Сноуден гуфт, ки борҳо сиёсати Русия ва шахси Владимир Путинро барои маҳдудияти дастрасӣ ба интернет танқид кардааст.
Дар сӯҳбат бо як нашрияи бритониёӣ Сноуден дар бораи зиндагиаш дар Русия бештар нақл кардааст.
Ӯ гуфтааст, ҳоло эҳсос мекунад, ки ба ҷонаш чандон хатар таҳдид намекунад ва дар қиёс ба солҳои аввал озодона дар хиёбонҳо қадам мезанад.
Русияро ӯ “яке аз кишварҳои зеботарини ҷаҳон” ва меҳмоннавоз тавсиф кардааст.
Сноуден гуфтааст, ки воқеан ду сол пеш бо як духтари амрикоӣ дар Русия издивоҷ кардааст.
Эдвард Сноуден соли 2013 пас аз он шинохта шуд, ки иттилои махфиеро ба ихтиёри матбуот супурд. Дар ҳуҷҷатҳо шеваи назорати Хадамоти махсуси Амрико тариқи технологияи навин аз болои шаҳрвандон дарҷ шуда буд. Ин иттилоъ сару садои зиёдеро ба бор овард. Дар Амрико нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд, ки то 30 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.