Аз Туркманистон хостанд, мушкили бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан кунад

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки таҷрибаи бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан намоянд.

"Мо ба монанди пешин аз тақдири шаҳрвандоне, ки дар маҳбасҳои Туркманистон бедарак мешаванд сахт нигаронем. Бино ба иттилои Маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", 120 ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбусонро комилан алоҳида нигаҳ медоранд. Тайи шаш соли ахир 27 кас дар маҳбас ҷон бохтаанд", - омадааст дар изҳороти ИА.

Ба рӯйхати афроди беномунишон гашта мухолифони машҳур ва мансабдрони баландпояе шомиланд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҷурми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

ИА дар изҳороти худ аз Туркманистон қотеона даъват кардааст, ки мушкили бедаракшавии иҷбориро аз байн бибарад. "Вазъи маҳбусони бедаракшудаеро бодиққат пайгирӣ дорем, ки муҳлати ҷазояшон тамом шудааст ва ё дар соли 2019-2020 ба поён мерасад", - афзудаанд намояндагони ИА.

Мақомоти Туркманистон мушкили бедаракшавии иҷбориро эътироф намекунанд.