Тоқаев дар Пекин пешниҳод кард, нақши юан дар ҷаҳон тақвият дода шавад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки имрӯзҳо бо сафари давлатӣ дар Чин қарор дорад, дар мулоқот бо доираи соҳибкории Чин рӯзи 11-уми сентябр гуфт, тасмим дорад, дар Маркази байналхалқии молии "Остона" барои сармоягузорӣ бо асъори миллии Чин "шароит" фароҳам оварад.

"Тарҳи RMB Connect имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ бо июн роҳандозӣ шавад. Бовар дорам ин тарҳ барои густарда шудани юани чинӣ саҳми бузурге хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев. Вай ҳамчунин афзуд, ҳамкориҳои Қазоқистону Чин дар самти молӣ ояндаи дурахшонеро таъмин месозанд.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар поёни гуфтугӯҳои Тоқаев бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин рӯзи 11-уми сентябр дар Пекин 11 ҳуҷҷат дар самти ҳамкориҳои кишоварзӣ, гумрукӣ ва технологӣ имзо шуд.

Тоқаев ҳамчунин дар Пекин гуфт, ки Чин "ба яке аз бузургтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон" табдил шудааст.

Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 12 миллиард долларро ташкил додааст.