Вакилони демократ фишори эҳтимолии Трамп ба Украинаро таҳқиқ мекунанд

Вакилони Ҳизби демократи Амрико дар Маҷлиси намояндагон ба таҳқиқи қазияи фишори эҳтимолии раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба Украина пардохтаанд, то ба ин васила дар бораи Ҷо Байден маълумоти бадномкунанда ба даст биёрад.

Кумитаҳои умури хориҷӣ, иттилоот ва назорату ислоҳот, ки дар дасти демократҳо ҳастанд, бо ирсоли нома ба ҳукумати Амрико хостаанд, санадҳои лозимӣ, аз ҷумла нусхаи катбии гуфтугӯи Доналд Трамп бо Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро дар ихтиёри вакилон бигузорад.

Доналд Трамп қаблан гуфт, ки 250 миллион доллар кӯмаки молии низомии ваъдагӣ ба Украинаро намедиҳад. Вакилон хостаанд, санадҳо дар бораи ин қарорро ҳам ба онҳо бидиҳанд. Дар номаи вакилон омадааст, "агар раиси ҷумҳур саъй дорад, ки Украинаро маҷбур кунад, ки ба танҳоӣ ва бе кӯмаки Амрико худро аз Русия муҳофизат кунад ва ё низоми додгоҳиро водор кунад, ки барои маъракаи интихоботии Трамп хидмат расонад, пас ин сӯистифодаи такондиҳандаи қудрат, лутфе ба Маскав ва хиёнат ба боварии мардум аст".

Руди Ҷулиани, вакили хусусии Доналд Трамп таҳқиқи демократҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Ӯ ба рӯзномаи Ҳилл гуфт: Ин таҳқиқи ғайриқонунӣ ва озор додан аст. Ин на амалиёти сиёсии на Конгресс, балки Кумитаи миллии Ҳизби Демократ аст.